Мулоқот байни Хадамоти гумрук назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маъмурияти миллии амнияти ҳастаии Вазорати энержии ИМА.
29 ноябри соли 2021 вохӯрӣ байни Хадамоти гумрук назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маъмурияти миллии амнияти ҳастаии Вазорати энержии ИМА (DOE/NNSA), Идораи ошкор ва пешгирии қочоқи маводи ҳастаӣ (NSDD) ва Агентии амнияти кимиёӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ҳастаӣ назди Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (АХБРЯБ НАНТ) баргузор гардид.
Вохуриро намояндаи Хадамоти гумрук назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сухани ифтитоҳӣ оғоз намуд. Вай Вазорати энержии ИМА-ро барои иҷрои муваффақонаи лоиҳа оид ба насби мониторҳои порталӣ радиатсионӣ (РПМ) дар гузаргоҳҳои назорати марзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки яке аз қадамҳои муваффақ барои пешгирии гардиши ғайриқонунии маводи ҳастаӣ ва радиатсионӣ, аз ҷумла ОМУ мебошад, қадрдонӣ намуд. Вобаста ба вазъи кунуниву таҳаввулоти дар Афғонистон, пешниҳод гардид, ки раванд насби мониторҳои порталӣ радиатсионӣ суръат дода шуда, макони насби онҳо барои истифодаи муассир бознигарӣ карда шавад. Ҳамзамон, миннатдории худро ба Агентии амнияти ХБРЯ НАНТ барои дастгирии доимӣ ва татбиқи ин лоиҳаҳо иброз дошт.
Баъд аз он сухан ба намояндаи Маъмурияти миллии амнияти ҳастаии Вазорати энержии ИМА (DOE/NNSA) дода шуд. Вай нақшаҳои минбаъда оид ба насби мониторҳои порталӣ радиатсионӣ дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Хуҷанд, гузаргоҳи назорати марзии «Саразм»-и шаҳри Пенҷакент ва гузаргоҳи «Гулистон»-и шаҳри Исфара тибқи нақшаи амали соли 2022 таъкид намуд.
Ҳамчунин қайд шуд, ки бо вуҷуди вазъи пандемияи сол, як қатор курсҳои омӯзишӣ барои инспекторон, ки дар гузаргоҳҳои назорати марзии Тоҷикистон кор мекунанд, баргузор гардидааст.
Дар вохӯрӣ масъалаҳои гуногун оид ба баргузории омӯзишҳо барои кормандони Хадамоти гумрук, таҳияи салоҳият ва такмили малакаи онҳо, ҳамчунин таҳия ва қабул кардани нақшаи стандартии амалиётӣ (SOP) ҳангоми ошкор кардани маводи ҳастаӣ ва радиатсионӣ баррасӣ шуданд.
Гузошта шуд, ки лоиҳаи нав на танҳо ба насби мониторҳои порталӣ радиатсионӣ равона гардида, балки таъмини воситаҳои зарурӣ барои кормандони гузаргоҳҳои назорати марзиро низ дар бар мегирад.
Дар анҷоми вохӯрӣ, ба Хадамоти гумрук пешниҳод шуд, ки рӯйхати эҳтиёҷоти заруриро барои баррасӣ ба Маъмурияти миллии амнияти ҳастаии Вазорати энержии ИМА (DOE/NNSA) пешниҳод намояд.